Шуълаи дил
Сабо чи туҳфа расонд аз чаман димоғи маро,
Ки тоза кард ҳавояш баҳори доғи маро.
Зи шуълаи дили ман гул намекунад пастӣ,
Ки шуд фатила зи мағзи ҷунун чароғи маро.
Таҳайюр аст гули рангу бӯи осорам,
Ба оби ойина парвардаанд боғи маро.
Маҷӯй ҷинси шикеб аз бисоти тоқати ман,
Ки сӯхт барқи ғамат козаи фароғи маро.
Зи завқи васл тиҳӣ майли ҷуръае накунам,
Ба ҷоми меҳр фалак гар диҳад аёғи маро.
Ба сайри олами маънӣ намерасад ба назар,
Касе, ки пай супурад кӯчаи масоғи маро.
Ба ҳар чаман, ки шудам ранги ӯ зи ман гул кард,
Мапурс Ҷавҳарӣ, найранги инсибоғи маро.