Барнахезам аз кӯят
Аз ҷунуни савдоят маҳшаре ба сар дорам,
З-оташи таманноят сӯз дар ҷигар дорам.
Эй парӣ, куҷоӣ ту, рух наменамоӣ ту,
Ҳон, биё ба сарвақтам, к-аз ҷаҳон сафар дорам.
Ранги интизорамро бар раҳат тамошо кун,
Дида чун гули бодом карда сӯи дар дорам.
Бар ҷамоли тобонат то ки чашми дил бастам,
Не зи олами имкон, не зи худ хабар дорам.
Баски шавқи дидорат мекашад маро сӯят,
Меравам ба ҷон акнун, гарчи сад хатар дорам.
Гар синони мижгонро чашмат афканд сӯям,
Ман ҳам аз вафодорӣ синаро сипар дорам.
Сар напечам аз теғат, то ки дар бадан ҷон аст,
Рух натобам аз тират, то ки ман ҷигар дорам.
Он чи метавонӣ кун, барнахезам аз кӯят,
В-он чи метавонӣ, соз, аз ту дил набардорам.
Ё ба дашнаи бедод афканӣ сарам аз тан,
Ё ки аз лаби лаълат коми хеш бардорам.
Он шӯх чӣ парво дорад?
Ба мани дилшуда он шӯх чӣ парво дорад?
Ки ба ҳар кӯча дусад ошиқи шайдо дорад.
Бурда ҳуш аз ду ҷаҳон ними нигоҳи масташ,
Ё Раб, он наргиси шаҳло чӣ асарҳо дорад?
Баски саргаштаи роҳи тааби ӯст чу ман,
Чарх аз мушти нуҷум обила дар по дорад.
Маҳви дидори туро маҳв тавон гардидан,
Кор дар ойинаҳо чашми тамошо дорад.
Метавон ёфт, ки шӯри дили ошиқ зи куҷост,
Мавҷи гавҳар тапиш аз шӯхии дарё дорад.
Куштаи ханҷари нози ту шавам, нест ғаме,
Ки лаби лаъли ту эъҷози Масеҳо дорад.
Гирд оварда ба савдои ту ин дам ҳамаро,
Сари кӯи ту, ки ҳангомаи фардо дорад.
Он чи ангуштарии мулки сулаймонӣ дошт,
Халқаи зулфи ту он дораду дилҳо дорад.
Дар дилам мавкаби ишқи ту ки зад хайма чунин
Саҳни ин хона магар домани саҳро дорад?
Нахарад салтанати Хусраву Доро ба ҷаве,