Аз ҳуҷуми дарди ишқ
Намуд азбас ҳуҷуми дарди ишқи ӯ забунҳолам,
Чу нақши бурё афтодаам, чун соя помолам.
Дар ин хирмансаро аз созу барги ман чӣ мепурсӣ?
Адамсармояаам, мавҷи саробам, ваҳми тимсолам.
Нигоҳи вопасинам, оҳи яъсам гардиши рангам,
Шикасти хотири мурғи асири бепару болам.
Тилисми доғаму дардам, дили андӯҳпарвардам,
Навои тори аҷзам, нотавонпайкартар аз нолам.
Шикасти чеҳраи ман ҷӯши ранги заъфарон дорад,
Хазон гул мекунад аз навбаҳори боғи омолам.
Зи шакли қадди хам тимсоли чандин суратам ин ҷо,
Ҳилолу теғу меҳробам, камону дӯши ҳаммолам.
Ҷамоли фахр аз симои ман ҳусни дигар дорад,
Саводи нуқтаи аҷзам, рухи одобро холам.
Ғубори нотавони мушти хоки ғам чӣ орояд?
Кӣ бошам ман, ки то чизе бувад сомони аъмолам?
Ба д-ин фурсат чӣ хоҳам, Ҷавҳарӣ, андӯхт аз ҳастӣ,
Шарори барқро монад варақгардонии солам.