Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Зуфархон Ҷавҳарӣ
Зуфархон Ҷавҳарӣ

Аз ҳалқаи гесӯ

Ранге шикан аз чеҳра ба савдояшу зар гир, Ашке бифишон дар ғамаш аз чашму гуҳар гир! Оҳе, ки кашӣ, турраи шоми тараб ангор, Гарде ки кунад гул зи нафас, файзи саҳар гир. Дар сина диле доғ куну лоласитон гӯй, Дар соғари ғам, бода зи хуноби ҷигар гир. Он зулф, ки барҳамзани ҷамъияти мо шуд, Домест, ки мурғаш ҳамагӣ аҳли назар гир! Холаш, ки бувад нуқтаи девони таҳайюр, З-он доираи ақлу хирад зеру забар гир. Шуд фитнаи олам рухаш аз ҳалқаи гесӯ, Ошӯби дили халқ аз он даври қамар гир. То чанд бувад ақл иқоли ту дар ин роҳ, Гӯ, барқи ҷунун, сафҳаи дониш ба шарар гир. Хуршедсифат гарми талаб бош ту аз шавқ, Яъне қадам аз сар куну доман ба камар гир. Эй ғарраи ҳастӣ, ба фароғат чӣ нишинӣ? Фурсат гузарон аст, сару барги сафар гир. Афсонаи ин базми фусун чанд кунӣ гӯш? Паймонаи суҳбат шикану қатъи самар гир. Лабрез шавад аз ту ҷаҳон, чун ту набошӣ, Ҳамхонаи анқо шаву олам таҳи пар гир. Бе сафвати дил маҳзари асмо натавон шуд, Бар фитрати аслӣ зану мероси падар гир. Гар зулмату гар нур, ту ҳайрони асар бош, Аз шакку яқин бигзару ойина ба бар гир. Дил мунфаил аз хубию зиштии касон чанд? Ин ойина фориғ зи ғами айбу ҳунар гир. Ҳар нақш, ки бинӣ, ту аз он ҷилва нишон ҷӯй, Ҳар парда, ки ёбӣ, ту он сози асар гир. Рашҳе, ки чакад аз қалами Ҷавҳарии мо, Шаҳвораи гӯши худ аз он луълуи тар гир.