Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Зуфархон Ҷавҳарӣ
Зуфархон Ҷавҳарӣ

Гесӯи мушкинат

Биё, эй ҷону дилҳо волаи гулбарги рангинат, Чаман то анҷуман ҳайратпарасти ҳусни ойинат. Баёзи субҳи иди ошиқон тарфи баногӯшат, Саводи шоми қадри бедилон гесӯи мушкинат. Сарат гардам, тағофул то куҷо? Раҳме, ки дар ҳаҷрат Ба талхӣ медиҳам ҷон аз ғами лабҳои ширинат. На худ илму хирад кардам нисори маҷлиси ақдат, Ки зуҳду тавба ҳам, эй духтари раз, шуд ба кобинат. Сипеҳро, муҳраҳоят резад аз ҳам, тахтаат сӯзад, Ки рух аз каҷравӣ ҳаргиз нагардонид фарзинат. Надорӣ ҷуз шикасти иҷтимои аҳли дил коре, Надонам кай банотуннаъш гардад ақди Парвинат. Чунин к-ӯ пешаат шуд айби мардум дидан, эй зоҳид, Магар доданд баҳри дигарон чашми ҷаҳонбинат? Гузашт умр, эй ғурурандеша, ташрифи амал то кай? Ҳисоби соли дигар гир аз имсолу поринат. Ҷаҳоне, Ҷавҳарӣ, аз шавқи ашъори ту булбул шуд, Ки сад гулшан латофат дар бағал дорад мазоминат.