Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Зуфархон Ҷавҳарӣ
Зуфархон Ҷавҳарӣ

Ба ёди лаъли ширинат

Биҳишт андешае аз гулшани андози ойинат, Баҳор ойинае аз ҷилваҳои ҳусни рангинат. Латофат унсури кайфияти гулзори симоят, Назокат обу тобе дар мизоҷи барги насринат. Чаман хоки шаҳидони хами шамшери абрӯят, Хутан гарди раҳи ошуфтагони зулфи пурчинат. Гули савсан саросар гар забон шуд офаринатро, Надорад лабкушудан ғунча ҳам бесози таҳсинат. Сабо аз хатту холат корвони нофаро маҳмил, Ҳаво аттории Чин аз шамими ҷаъди мушкинат. Чу гул дар бар туро пероҳане аз рангу бӯ бояд, Ки тоби бори кисват ҳам надорад нахли симинат. Биё, чун мисраъи барҷаста дар девони оғӯшам, Ки машқи нола мавзун мекунам дар фикри тазминат. Кӣ баст ойини таркиби гулистонат, ки ҷаннат шуд? Мусамман аз хаёли интисохи назм тазйинат. Зи шавқи ин таманно бисмили нози ту мерақасад, Ки бӯсад чун ҳино хунаш кафи пои нигоринат. Рикобат чашми булбул, тасмааш аз риштаи гул шуд, Духоби ранги раъно маҳви фарши хонаи зинат. Шакарпарвардаи маънист халқе аз найи килкам, Ки дорад нуктаороӣ ба ёди лаъли ширинат. Маломат то куҷо моро кунӣ, эй носеҳи мушфиқ, Бар ин ойинаи қудрат нигоҳе, ҳурмати динат. Ба д-ин арзи таҷаллӣ маҳви дидораш агар набвад, Гудозад, Ҷавҳарӣ, ойинаи ҳусни ҷаҳонбинат.