Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Зуфархон Ҷавҳарӣ
Зуфархон Ҷавҳарӣ

Тоби сари зулф

Эй зи тоби сари зулфи ту шикасти дили мо, Ҳайрат аз ёди ту ойинапарасти дили мо. Восили чун ту нагаштем, зи худ нагзаштем, Нест шуд дар ту, ту гаштӣ ҳама ҳасти дили мо. Гарчи хун шуд ба вафои ту зи такрори нафас, Ишқ эҷод кунад субҳи аласти дили мо. Ҳайрати ҷилваи дидори кӣ аз шавқи назар Додааст ин қадар ойина ба дасти дили мо? Рафт дар машҳади нозу ба шаҳодат нарасид, Оҳ, аз бахти баду толеи пасти дили мо. То ки рамзе кашӣ з-ин қатраи дарёмазмун, Иқди гавҳар шаву дарёб ту пасти дили мо. Гузаронид зи нуҳ тоқи фалак наваки оҳ, Офарин, Ҷавҳарӣ, бар софии шасти дили мо.