Мӯкамари мо
Эй бехабар аз нолаю оҳи саҳари мо,
Як бор хабар гир зи сӯзи ҷигари мо.
Дар ишқи ту қисмат нигар аз матбахи айём,
Лахти ҷигари сӯхта шуд моҳазари мо.
Азбас зи ғамат захми дили мо шуда носур,
Хуноба чакад сар ба сар аз чашми тари мо.
Аз худшудагонем ба ёди ту, тавон кард
Аз ҳайрати ойина суроғи асари мо.
Дар водии ҷонсӯзи пурошӯби муҳаббат
Ҷуз ашки равон нест дигар ҳамсафари мо.
Мӯе шудаем аз ғами он мӯи миён, лек
Як мӯй надорад ғами мо мӯкамари мо.
Ин турфа нигар, Ҷавҳарӣ, к-аз хандаи ширин
Бар захми ҷигар рехт намак лабшакари мо.