Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Зуфархон Ҷавҳарӣ
Зуфархон Ҷавҳарӣ

Шаҳди лаб бинед

Назокати қади ҷонону шаҳди лаб бинед, Назар ба нахла намоеду он рутаб бинед. Миёни халқаи ӯ бингаред орази ӯ, Тамаъ кунед, ки хуршед ними шаб бинед. Ҷамоли ёр, ки гӯяд ҳаким: «натвон дид», Ба чашми сидқ дар ойинаи талаб бинед. Агар ман ӯ шудаам дар муҳаббат, ин чӣ аҷаб? Аҷаб дар он, ки зи ман ин сухан аҷаб бинед. Ба кори дидаи ибрат баред гарди раҳаш, Дар ин тариқ, ки ҳар соҳиби адаб бинед. Маоние, ки зи килки хирад расад ба баёз, Каломи Ҷавҳарӣ з-он ҷумла мунтахаб бинед.