Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Зуфархон Ҷавҳарӣ
Зуфархон Ҷавҳарӣ

Даҳони шаккарафшон

Ба рамзи савти зеру бам агар пардохтӣ ҳушат, Ҷавоҳирхонаи асрор як сар мешудӣ гӯшат. Саре дорӣ дар ин маҳфил, зи мағзи маърифат пур кун Вагарна чист ҳамли ин кадуи хушк бар дӯшат. Даҳоне шаккарафшонтар зи тӯтӣ дар сухан дорӣ, Намезебад, ки мо бинем чун тасвир хомӯшат. Саводи маъние кун мунтахаб з-ин мактаби ибрат, Чӣ ҳосил в-арна чун сод аз ду чашми ҳайратоғӯшат? Хуми ҷисмат набошад қобили майхонаи ҳастӣ, Диле гар аз муҳаббат нест ҳамчун бода дар ҷӯшат. Чу акси рафта аз ойина ҷуз тимсоли он дилбар, Хаёли мосивояш бод аз хотир фаромӯшат. Ба д-ин назме, ки кардӣ дар маориф, Ҷавҳарӣ иншо, Хуми софи ҳақоиқ бод сарфи соғари нӯшат.