Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Зуфархон Ҷавҳарӣ
Зуфархон Ҷавҳарӣ

Ғӯли одамхор

Душмани бадманиши фитнагари бадкирдор, Ки ҳама фитнаи хобида аз ӯ шуд бедор. Ба ҷаҳон шӯр дарафканду пурошӯб намуд, Бод лаънат ба чунин фитнагари ноҳинҷор. Сураташ зишт бувад, бадтар аз он тинати ӯ, Ки рамад дев аз ӯ, бинад агар дар шаби тор. Аҳдҳо басту зад ӯ шишаи паймон бар санг, Ҳосиле ғайри шикасташ набувад аз ин кор. Нест кораш ба ҷуз одамкушию бераҳмӣ, Ғул ҳам нест чу Гитлер палиду мурдор. Халқ гӯянд, ки ҳаррӯз бидодӣ Заҳҳок Кушта мағзи сари ду бачаи мардум ба ду мор, Сари мардум хӯраду хуни ҷаҳоне резад, Ҳар дам ин аждари бадшакли лаину мурдор. Гарчи Ҳаҷҷоҷ ҳам одамкушу бас золим буд Буд якчанд адад куштаи ӯ, не бисёр Ё ки Чингизу Ҳалоку ки ба зулманд масал, Кай намуданд чу ин ҷобири ваҳшӣ куштор. То ба имрӯз надида-ст зи аҳди одам Кас ба ин гуна фитан зери сипеҳри даввор. Золимоне, ки ба таъриху кутуб мазкуранд, Ба бадӣ ёд намоянд ба ҳар шаҳру диёр.