Қадам ниҳод дар ин арса душмани таммоъ
Ба решаи тамааш теғи обдор шавед!
Ба ҷону дил камари ҳарб бар миён бандед,
Ба қатли хасми сияҳбахт устувор шавед!
Занед аждари Гитлерро ба тӯпу ба тир,
Аз ӯ ба қасди баровардани димор шавед!
Зи боғи мо нахурад то ки меваи мақсуд,
Барои туъма сагонро зағаншикор шавед.
Ба гоҳи разм намоед қаҳрамониро,
Гаҳе Таҳамтану гоҳе Сифандиёр шавед!
Даме ки пок шавад хоки мо зи хайли фашист,
Ба табли фатҳ навосанҷи иштиҳор шавед!
Ҷаҳон тарабкада гардад ба рӯзгори совет,
Чу ҳаминони зафар гашта раҳгузор шавед.
Ватан гирифта ба гоҳи фароғат оромед,
Ғазалсаро шуда дар сояи баҳор шавед!