Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Зуфархон Ҷавҳарӣ
Зуфархон Ҷавҳарӣ

Дар васфи шаҳри Душанбе

Ҷавҳарӣ чун ки расидам ба ҳамин шаҳри бузург Оламе дидаму шуд хотири ман хурраму шод. Даҳр чун доира, ин шаҳр бувад маркази нур, Ё худ ин мардумаки чашми ҷаҳони эҷод. Ё ҷаҳон қолбад, ин қитъа бувад чун дилу ҷон, Раҳмат онро ки чунин мулк намуд ӯ бунёд. Навниҳолон ҳама дар ҷилвагарӣ ҳамчу арӯс, Сарву шамшоду санавбар ҳамагӣ чун домод. Устувохат ба нишон дар ҳама сӯ ҷадвали ҷӯй, Обҳо соф дар он рӯҳи равон дар аҷсод. Ҳама мактаб чаману дафтараш авроқи чаман,