Макун
Қасди ин мамлакат, эй душмани мурдор, макун,
Синаи худ ҳадафи тири ҷигархор макун!
Эй гирифтори ҳамоқат зи фусуни авҳом,
Риши гове матарошу ба худ афсор макун.
Кишвари мост ҳумоюну муборк, ту палид,
Даст кӯтаҳ куну ҷон дар сари ин кор макун.
Оқибат косаи сар бишканадат аз кӯпол,
Эй ҳарис, ин қадар ибром ба пайкор макун.
Дар қимори талабат гул накунад нақши мурод,
Фоли некӣ ба худ, эй соҳиби идбор, макун.
Бесабаб тез намудӣ ба хусумат дандон,
Саги девона бигӯем туро, ор макун.
Ғарра гаштию задӣ шишаи паймон бар санг,
Ҷуз шикасти худ аз ин шева ту пиндор макун.
Хоки навмедӣ ба сар, бод ба каф, хоҳӣ мурд,
Ҷонканиҳо пайи ин мулк ту бисёр макун.