Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Зуфархон Ҷавҳарӣ
Зуфархон Ҷавҳарӣ

Душмани бадаҳд – он Гитлерро дар корзор

Наҳсу идбору фалокат ҳамдаму раҳбар шавад. Фитнае, к-аш кард барпо, бар сараш гардад бало, Офат ӯро гирд гирад, оҷизу музтар шавад. Яъси матлаб рӯзи умрашро кунад шоми азо, Ҳолате бар вай фуруд ояд, ки кӯру кар шавад. Барқи навмедӣ занад бар хирмани уммеди ӯ, Ҷисми ӯ дар кӯраи андӯҳу ғам ахгар шавад. Чунки ин сарфитнаи айём гардад бенишон, Аз ҷаҳон дафъи фасоду ҷумла шӯру шар шавад. Чашм дорам, к-ин ҳуҷуморанда таммоъи лаим, Дафтари ҷамъияташ вайрон шавад, абтар шавад. Кӯҳ-кӯҳ анбӯҳи душманро барандозад зи по, Чун ба гоҳи разм ҳар як танки мо андар шавад. Зоти манҳуси палиди зумраи гитлерчиён Маҳв гардад, мунтафӣ аз хоки ин кишвар шавад. Арсаи иқлими моён аз фашистон пок бод, Зулматободи адам лабрез аз он лашкар шавад. Хок бар сар, бод бар каф бод Гитлери палид, Тан нишони тири сӯзон, бар гӯлу ханҷар шавад. Ҷавҳарӣ, бар сафҳаи айём таҳрироти ту, Баъд аз ин аз қиссаи ин ҷанг ёдовар шавад.