Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Зуфархон Ҷавҳарӣ
Зуфархон Ҷавҳарӣ

Ҳама таъмир сафоҷӯшу баланд аст садод

Ин гулистон, ки бино гашт дар ин даври накӯ, Саъйи ободияш аз кист? Зи халқи озод. Дур бод офат аз ин арсаву ҳар мулки совет, Тири чун барқ ба чашми тамаи ҳосид бод. Эй ҷавонони советӣ, ҳама ғайрат оред, Аз пайи ҳифзи Ватан сахт кунед истеъдод. Нарасад то ки дар ин ҷо қадами наҳси фашист, Ҷисми ӯ хок намоеду диҳедаш барбод.