Табрик
Ба ҷашни Октябр мекунам табрик ёронро,
Рафиқон аскарони Сурхи волоиқтидоронро.
Саломе мефиристам ман ба эъзозею икроме
Ҷавонони ҳумоюнталъату ғайратшиоронро.
Таҳиятномаҳо бояд ба дафтарҳо фиристодан
Зафарёвар, диловар, қаҳрамон чобуксаворонро.
Ҳазорон раҳмату сад офарину сад ҷаҳон таҳсин
Қавибозу ҷавонмардони Рустамэътиборонро.
Ба гоҳи разм мебӯсад зи авҷи чарх Баҳромаш,
Камони қодирандозии ин душманшикоронро.
Бигӯ, эй номабар қосид, паёми дӯстӣ аз ман
Далерони таҳамтан, шерафкан, номдоронро.
Сафи лашкар дареду сар буреду тир андозед,
Фашистони палиди шумрӯ мурдорхоронро.
Зафар хоҳед кардан боз дар майдони ҳарб акнун,
Ки асҳоби зафар будед доим корзоронро.
Ба тӯпу танк кори душманонро метавон кардан,
Ки ҷуз мурдан сазо набвад гурӯҳи нобакоронро.
Ба майдоне, ки он ҷо тӯдаи гитлерчиён бошад,
Ба ранги жола мебояд намудан тирборонро.
Занеду сар буреду бенишон созед аз ин кишвар
Фашистони сиярӯзу нахусатрӯзгоронро.
Пайи ҳифзи Ватан созед дафъи душманон яксар,
Ки нанмоянд помол он палидон ин диёронро.
Дар ин сармо зи душман чун ки дилҷамъӣ шавад ҳосил,
Ба сар бурдан тавон бо роҳат айёми баҳоронро.
Соли