Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Зуфархон Ҷавҳарӣ
Зуфархон Ҷавҳарӣ

Ба ҷавонон

Эй ҷавонони хирадманди советӣ, чанде Чун падар ман ба шумо мекунам ин гуна хитоб: Нуктаи пири куҳансол ниюшед ки ҳаст Аз хато поку барӣ аз ғаразу айни савоб. Душмани аҳдшикан, он саги Гитлери шарир Қасди ин кишвари мо карда расид ӯ башитоб. Пас шумо низ ба дафъаш ҳама оред ҳуҷум, Зуд аз ин арса бурун карда, намоед хароб. Муфсиду бадгуҳару душмани инсоният Бувад ӯ, бас бизанеду бикушедаш ба азоб. Чашмаш аз хона бароред ба сарнайзаи тез, Баҳри саг пора намоед тани ин нобоб. Бар сари бехирадаш сахт ба кӯпол занед, Мағзи он пош шавад, туъма кунад хайли ғуроб Душманон ташна намиранд, пайи раҳм кунед Халқашонро ба дами теғи сарафкан сероб… Ноумедист сару барги хаёлаш охир Мулк нагрифта диҳад ҷони худ он хонахароб. Қаҳрамонон ҳамагӣ якдилу яктан тозед, Пушта аз кушта бароред, шавад хун селоб. Чун ки ин хок шавад пок аз он хайли палид, Бода нӯшед ба овози наю чангу рубоб. Анҷуманҳо чу гулистону чаман ороед, Атр пошеду фишонед ба ҳар сӯй гулоб. Зуҳра ҳам рақскунон аз пайи табрик ояд, Баҳри фирӯзии ин аскари нусратдарёб. Соли