(Дар васфи Тоҷикистон)
Дило, касби ҳавои Тоҷикистон метавон кардан,
Тамошои сафои Тоҷикистон метавон кардан.
Зи сайри лолазораш сад чаман гул метавон чидан,
Диле хуш дар фазои Тоҷикистон метавон кардан.
Фарозу шебу кӯҳу дашти он аъҷубаҳо дорад,
Назарҳо вақфи ҷои Тоҷикистон метавон кардан.
Навои маҳфилаш дар парда дорад рамзҳо, гӯше
Пайи фаҳми садои Тоҷикистон метавон кардан.
Фасоҳат маҳви нутқи мардумаш, таҳқиқи ин маънӣ
Зи ҳарфи ҷонфизои Тоҷикистон метавон кардан.
Зи ҳусни тарбият гардад музоаф то камолоташ,
Ҳунарҳо аз барои Тоҷикистон метавон кардан.
Зи алтофи ҳукумат то рухаш гулгуна орояд,
Нигаҳ сарфи лиқои Тоҷикистон метавон кардан.
Забони ҳоли тоҷик арзи чандин муддао дорад,
Тамизи иқтизои Тоҷикистон метавон кардан.
Ҷудо аз қитъаҳо ин хитта шуд, саъйи адолатро
Саросар раҳнамои Тоҷикистон метавон кардан.
Ғубори дому дад ойинаашро тира медорад,
Ба сайқал иҷтилои Тоҷикистон метавон кардан.
Зи неши зулмҳо дар сина дорад куҳна носуре,
Адолатро давои Тоҷикистон метавон кардан.
Зи маҳсулот то аҷноси дигар гӯшаи чашме
Сӯи раҳсу ғилои Тоҷикистон метавон кардан.
Нигоҳи адл бодо шомили ҳоли раоёаш,
Ба ин сомон дуои Тоҷикистон метавон кардан.