Сайр дар анҷум
Дӯш дар анҷумани сабъаи сайёра шудам,
Нури ҳар кавкаб аз он буд ба ранге тобон.
Аз сафо то ба қадар талъати ҳар як ахтар
Сифате дошт, ки аз ранги рухаш буд аён.
Партави баъзе аз он буд кудуратосор,
Нури баъзе дигараш лек ба софӣ рахшон.
Ахтари бе қадаре шуд ба ман он ҷо наздик
Қаламе дар кафи ӯ найзаи хуршеднишон.
Гуфтам: ин аст Аторуд, ки дабири чарх аст,
Дафтаре дар бағалаш, ҳар варақаш нурафшон.
Дар хитоб омаду гуфто: «Кӣ касию зи куҷо?
Ки дар ин доира бе изн намуди ҷавлон».
Гуфтамаш: «Ҷавҳариям, омадам аз маркази хок,
Арсаи мамлакати шӯравиям ҳаст макон».
Маркази хок на, бал гулшани пок аст, ки ҳаст
Андар он доира гул карда баҳору бӯстон.
Чун ту он ҷо ба адибию дабирӣ машҳур,
Хуб донанд маро нукташиносони замон.
Ман ба нерӯи пару боли ҳумои Октябр
Во расидам ба ҳамин коргаҳи олишон!
Ба ҳама омад аз Октябр ҳаёти тоза,
Ки чу ман олами пир аз асараш гашт ҷавон.
Шуста шуд занги ҷаҳолат зи дили кишвари мо,
Шуд шуур ойинапардози дили бехабарон.
Чун шуд аз илму фан имрӯз барӯмандӣ ом,
Кӯдакеро натавон гуфт ки тифли нодон.
Ҷидду ҷаҳд аст ҳунармандию фаномӯзӣ,
Ғафлату танбалӣ он ҷо набувад ин овон.
Ин суханҳо ки зи ман гӯш Аторуд бинмуд,
Қаламаш монд чу ангушти таҳайюр ба даҳон.
Ба тамаллуқ заду пас гуфт, ки: «Хуш омадаӣ,
Сайр кун, болфишон бош, бихоҳӣ чандон!»
Кард раққоси фалак назми ман овезаи гӯш,
Хонд бар маҷлисиён он ҳамаро чангзанон.
Қасида