Ба майдони маориф аз саворон
Ки гардад ҳамтаку ҳамтози тоҷик?!
Дар он коре, ки мебошад, умед аст:
Ба анҷоме расад овози тоҷик.
Зудояд аз дилат занги ҷаҳолат,
Шавӣ гар ҳамдаму ҳамрози тоҷик.
Ба ширинкорию рангинадоӣ
Расад ҳар фирқаеро нози тоҷик.
Ба илму фанну нозукнуктадонӣ
Шавад кай ҳар касе анбози тоҷик.
июни