Хуш омадӣ
Марҳабо, эй ёри ҷони бовафо,
Мақдамат ойинаи сидқу сафо.
Эй ҳумоюнталъату соҳибшараф,
Омаданҳоят баҳори ҷонфизо.
Марҳабо, эй соҳиби қадри баланд,
Субҳи файзу меҳри иззу эътило.
Эй муборак моҳи Октябри азиз,
Аз қудумат карда гул нуру баҳо.
Эй зи ташрифи ту бар мо иззу ноз,
Ҷои ту дар манзари чашмони мо.
Ҳаббазо, хуш омадӣ, сад марҳабо,
Гарди роҳат дидаҳоро тӯтиё.
Аз ту минатҳост дар халқи совет
В-аз ту меболанд ҷонҳо то само.
То зи матлаъ шуд ҳилолат ҷилвагар,
Оламе гашт аз ту ин ҷо пурзиё.
Хоки мо аз сайқали анвори ту
Гаштааст ойинаи гетинамо.
Дидаи уммеди мо пурнур шуд,
То ки овардӣ қадам аз эътино
Аз ту мо дидем сад фатҳу зафар,
Боз ҳам дорем минбаъд он риҷо.
Аз зафар хоҳем гаштан комёб,
Мешавад душман ба накбат мубтало.
Душмани мо кист? Гитлери палид,
Худ ба ин маънӣ ту будӣ ошно.
Дид ӯ чун кишвари моро зи дур,
Аз замин ҷӯши сафояш то ҳаво.
Кард он ифрит дар дил орзӯ,
Акси худ созад дар ин ойина ҷо.
Чашми ӯ шуд кӯр аз ҳирсу тамаъ,
Даршикаст ӯ ҷоми паймони вафо.
Ин садо бархост аз ҳар як зарра хок:
– Дур бош, эй деви пурмакру дағо!
Кай ту раҳ ёбӣ дар ин мулки латиф,
Мар туро зери замин бошад сазо.
Саъйи ту ин ҷо намебошад ҷуз ин,
Ки туро гӯри сияҳ дорад нидо.