Табрики иди май
Хез, ки омад баҳор, дашти сияҳ шуд чаман,
Гул ба рухи сабзазор шамъи зумуррадлаган.
Гашт суман симпош дар қадами навбаҳор,
Ғунчаи хандон кушуд ҳуққаи лаъли Яман.
Боғ шуд аз ҷӯши гул чун фалак анҷумфурӯғ,
Оташи хур шуъла зад аз шаҷари норван.
Ҷаъди арӯси чаман гашт мусалсал зи бод,
Зуҳрасифат рақс кард шохи гули настаран,
Хок чаманпӯш шуд, лола қадаҳнӯш шуд,
Чашм кушуд аз хумор наргиси нозукбадан.
Шабнами авроқи боғ чашмаки наззора шуд,
То зи аморӣ бурун шуд маҳи гулпираҳан.
Зоғи сияҳрӯй мурд, ҷилваи товус бин,
Сардии дайро бибурд гармии ин анҷуман.
Ҳусни саноъе нигар, ҷӯши бадоеъ бубин,
Рашки гулу гулситон гашта замину заман.
Тантанаи иди май хезу тамошо намой,
Ҷӯши тараб ҷо ба ҷой карда гул аз марду зан.
Машъали байроқи сурх тофт зи авҷи зафар
Чун алами меҳр шуд бар ҳама партавфикан.
Базми паричеҳрагон ҷӯши сафо дар сафо,
Маҷлиси колхозчиён боғи чаман дар чаман.
Ромиши байналмилал карда гул аз иттифоқ,
Бонги зафар паҳн шуд дар ҳама ҷои Ватан…
Иди иқбол