Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Зуфархон Ҷавҳарӣ
Зуфархон Ҷавҳарӣ

(Ба муносибати ҷашни яксолагии

газетаи «Овози тоҷик») Дури назме, ки ин ҷо хома суфта, Гули таҳнияти дигар шукуфта. Ҳилол ангушт зад бар тоси чарх аз қуръаи фоле, Садо омад, ки шуд заҳматкашонро иди иқболе. Зи нашри рӯзнома соли комил чун ба сар омад, Ҷаҳон орост ҷашн имрӯз баҳри давраи соле. Ту май деҳ, соқиё, мутриб, бизан барбат, ки мебошад Муборак рӯзгорею ҳумоюн аҳду хуш ҳоле. Ба сад оҳанг боз «Овози тоҷик» ҷашноро шуд, Пайи табрики соли тозаву наврӯзи омоле. Ба фасли навбаҳори давлати шӯро умед аст ин, Ки деҳқонро зи роҳат сабз гардад тоза пайколе. Расонад то ба кайҳон ҳар тараф ахбори озодӣ, Бариди чарх бар по то Сурайё баста халхоле. Асирони ҷафокаш, дар қафас будед якчанде, Ба озодӣ дар ин гулшан занед акнун пару боле. Биё, эй ранҷбар, вораставу бар бод деҳ ғамро, Ки хоҳӣ бехтан хоки ситамгарро ба ғирболе. Шумо, эй омилони шӯравӣ, кӯшед дар коре, К-аз он бар сафҳаи офоқ монад нақши тимсоле. Ба доди додхоҳон ворасед аз марҳамат, яъне Фурӯд оред бар фарқи ситам аз адл кӯполе. Ту ҳам ҳарфе, ки донӣ, эй суханвар, дар қалам овар, Ки хоҳад ёдгор аз аҳли дониш монд ақволе. «Овози тоҷик» Ба гӯшам мерасад овози тоҷик, Ки бояд шуд кунун дамсози тоҷик!