Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Зуфархон Ҷавҳарӣ
Зуфархон Ҷавҳарӣ

Бо сунбули тар яъне саводи рақами хеш

Хун карда дили нофаи тотор, бурун о. Саъйе куну аз ҳамсабақон гӯйи ҳунар бар, Дар олами фан бар ҳама сардор бурун о. Эй қадди ту гулдаста, ҷаҳон карда муаттар, Бо накҳати худ як чаман осор бурун о. Дар базми сухан мавҷ занад софии гуфтор, Соғаркаши маънӣ шаву ҳушёр бурун о. Ҳар гаҳ ба каломи ту ниҳад толибае гӯш, Эй Ҷавҳарӣ, сад дафтари ашъор бурун о.