Қумрию тӯтию булбул – кӯдакони мактабӣ
Нағмапардози фунуни тоза аз ҳар фаслу боб.
Шаҳру саҳро аз дабистони ҳунар ороста,
Ҳар тараф гӯё чаман гул карда даври инқилоб.
Вақти баргу бори фан овардан аст, эй ҷони ман,
Ту чу нахлу аҳди ин Шӯро баҳор асту саҳоб.
Тарбият муфт аз ҳукумат, арзи истеъдод бош,
Хок гулшан гардад аз борону тоби офтоб.
Сӯи мактаб неҳ қадам, омӯз аз ҷон илму фан,
Ҷамъ кун сармоя з-ин ду, то шавӣ комилнисоб.
Аз кадомин фан, ки мехоҳад дилат, омода бош,
Ҳаст тайёрӣ зи устодони моҳир беҳисоб.
Одамиро нест ҷавҳар ҷуз хату холи ҳунар,
Машкан аз бедонишӣ қадри худ, эй дурри хушоб.
Вакти кор асту ҷавонӣ, ҳайф бошад танбалӣ,
То барӣ гӯй аз рафиқон, сӯи майдон кун шитоб.
Кор мекарданд собиқ ағниё бо симу зар,
Буд заҳматкаш зи нодорӣ ба аҳволи хароб.
Нон кунун дар равған аст имрӯз заҳматпешаро,
Дошт баҳри луқмаи чарбе агар дӣ изтироб.
Пури худро вораҳон аз зулли ҷаҳл, эй камбағал,
Соз ӯро бо саворони маориф ҳамрикоб.
Ҷавҳарӣ ин ҷо сарири хомаи иншои ман
Бо адиби сурхи мактабхона шуд гулгунхитоб.
К-:«Эй рафиқи нуктадон, бо кӯдакон чун модарон
Бош меҳрандӯзу ҷонсӯзу мароҳим иктисоб».
Навниҳолонанд ҳайли донишомӯзони нав,
Гар ту истикмолашон хоҳӣ, деҳ аз таълим об.
Аз сари рифқу талаттуф тарбиятпардоз бош,
То ки гарданд аз маориф баҳраманду комёб.
Лек шарти эҳтиёт он аст, к-аз ахлоқи бад
Дурашон дорӣ ба устодӣ ту, эй донишмаоб.
Он чи дорад иртикобаш ақлу донишро зиён,
Мисли шурби кӯкнору бангу афюну шароб.
В-аз қабоҳатҳои афъоли касони бадниҳод
Як қалам огоҳ кун, бошанд то дар иҷтиноб.
Гар ба акси ин вазоиф ҳар муаллим по ниҳод,
Хоини заҳматкашон бошад, ки монад дар ҷавоб.
Бурун о!