Суръати мошинаам
Боз аз шавқи кӣ дорад дил тапиш дар синаам,
Тоза мегардад шарори оташи деринаам.
Ҳайрате дорам, ки аз худ ҳам намеёбам асар,
Ҷилваи ҳусни кӣ карда-ст ин қадар ойинаам.
Нест дар таҳсили дарси ишқ таътиле маро,
Андар ин маънист як сон шанбеву одинаам.
Аз касе домони табъи ман ғуборолуда нест,
Софии ойина дорад синаи бекинаам.
Сактахонӣ нест дар фанни сухан фикри маро,
Андар ин рафтор бошад суръати мошинаам.
Дар маонӣ баски омад сайри меъроҷам баланд,
Рутбаи Ҳоқонӣ мебошад нахустин зинаам.
Гарчи дар ҳолам таназзул ҳаст беш аз пештар,
Лек шавқи дил қавитар бошад аз поринаам.
Ҷавҳарӣ, дар фақр даъвии ғино созам ба ҷост,
Чун қаноат ганҷи беранҷ аст дил ганҷинаам.