Бишнав аз ҷон панди пири мустаманди хешро
Барфиган аз сар ҳиҷоби нописанди хешро,
Дур кун аз моҳи рӯят чашмбанди хешро!
То ки кам нозад ба шамшоду санавбар боғбон,
Ҷилвагар кун дар чаман сарви баланди хешро.
Дар миёни нозанинон маҷлисороӣ намой,
Карда дар бар парниён бар сар паранди хешро.
То ки аз рашки ту дар оташ фитад наъли ҳилол
Шӯхҷавлонтар кун аз оҳу саманди хешро.
Ҷаъди мушкинро мусалсал созу сайёдӣ намой,
Ҳалқа кун бар гардани ҷонҳо каманди хешро.
Ҳамчу тӯтӣ аз такаллум лаъли ҷонпарвар кушой,
Шаккарафшон соз лабҳои чу қанди хешро.
Лек аз густохии ҳар бадниҳоде дур бош,
Раҳ мадеҳ бо худ рақиби хираханди хешро.
Нуктаҳои Ҷавҳариро гӯшвори ҳуш соз,
Бишнав аз ҷон панди пири мустаманди хешро.
Навбаҳори дониш