Армуғони мо
Зи бас набвад ҳадисе ғайри номат бар забони мо,
Бувад сарчашмаи тасними маънӣ з-он даҳони мо.
Забони хомаи нозукбаёни мо кӣ мефаҳмад?
Магар гардӣ ту, эй тӯтитакаллум, тарҷумони мо.
Навои дарди дил аз ошиқи бедил тавон ҷустан,
Махон ҷуз аз суруди андалебон достони мо.
Таби шавқи кӣ оташ мезанад дар пардаи қалбам?
Ки ҳамчун шамъи фонус аст ҳар як устухони мо.
Зибас аз дида то дил шуд таҷаллихонаи ҳуснаш,
Тилисми ҳайрате гашта-ст чун ойина ҷони мо.
Зи ёди ҷилвааш дил ҳар нафас сад пора мегардад,
Қиёматсуҳбате доранд маҳтобу катони мо.
Матои сабру тоқат аз бисоти мо чӣ меҷӯӣ?
Ки оварда-ст яғмо турки чашмаш дар дукони мо.
Чу қумрӣ дил ба ёди сарви мавзуни чаманранге
Фиғону нолае сар карду зад оташ ба ҷони мо.
Зи ашки лоларангу рӯи ҳамчун қаҳрабо охир
Аён гардид пеши халқ асрори ниҳони мо.
Ба ёди ҷилванайранге нарафтем он чунон аз худ,
Ки ҳушёрӣ тавонад гашт дигар ҳаминони мо.
Зи бас дар ҷустуҷӯяш як қалам гум гаштаем аз худ,
Зи анқо метавон кардан суроғи ошёни мо.
Ба сӯи кулбаи мо гар шабе ҷонона боз ояд,
Малак бӯсад, фалак сояд ҷабин бар остони мо.
Агар дар хидмати ӯ ҳар касе дорад раҳоварде,
Шикасти рангу чашми хунфишон бас армуғони мо.
Фано шуд Ҷавҳарӣ дар роҳи савдои ту худ, лекин
Пур аст ин дашт аз шӯри дирои корвони мо.