Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Зуфархон Ҷавҳарӣ
Зуфархон Ҷавҳарӣ

Чӣ мекунӣ

Эй дил, ҳавои зулфи сумансо чӣ мекунӣ? Бо сад ҳазор фитна ту савдо чӣ мекунӣ? Якрон ба қалби он сафи мижгон чӣ мезанӣ, Худро ҳалоки наргиси шаҳло чӣ мекунӣ? З-ин сон ба ҳусни ӯ ки назарбоз гаштаӣ, Бо ин сипоҳи ғамза ту танҳо чӣ мекунӣ? Чандин ба фикри холу хати ӯ чӣ метанӣ? В-аз қадду хадди ӯ сухан иншо чӣ мекунӣ? Эй булҳавас, ба базми висолаш кӣ мерасад? Андешаи маҳол ба дил ҷо чӣ мекунӣ? Ойина аз маҷоз гирифтан на кори туст, Худро бад-ин хаёл ту расво чӣ мекунӣ? Таҳсили ибрате агарат сайди дом нест, Ин ҳалқаҳои чашм тамошо чӣ мекунӣ? Ҳарфе нахонда аз сабақи эътибори худ, Таҳқиқи дарси асфалу аъло чӣ мекунӣ? Эй ҳастии ту нанги адам, ин чӣ карру фар? Мушти ғубори ваҳми ману мо чӣ мекунӣ? Коми касе зи шоҳиди дунё нашуд раво, Хон, ту аз ин аҷуза таманно чӣ мекунӣ? Нақше назири шаҳпари анқо намешавад, Тимсоли бенишонии ӯ бо чӣ мекунӣ?