Гардем қурбони шумо
Эй ҷигар хун ғунчаро аз лаъли хандони шумо,
Карда наргис сар ба пеш аз шарми чашмони шумо.
Дар шабистони асирон вақти хандидан намуд
Субҳи маҳшар аз сафедиҳои дандони шумо.
Гар шавад ушшоқро рухсат ба сайри боғи ёр,
Бод, ё Раб, ҳиссаам себи занахдони шумо.
Нест нақши ғайр дар лавҳи замирам, гар бувад
Синаам бодо нишони тири мижгони шумо.
Гар кунад арзи ҷамол он орази ховарғулом,
Кӯр он чашме ки набвад маҳву ҳайрони шумо.
Тӯтиёи дидаи ушшоқ хоки поятон,
Сурмаи чашми ғизолон гарди домони шумо.
Кай бувад мо, мустамандон, дар шаҳодатгоҳи ноз
Бисмили теғи шумо гардему қурбони шумо.
Ҷуз ситам ҳаргиз насиби мо нашуд, худ гарчи мо
Барнагаштем аз вафову аҳду паймони шумо.
Сад биёбон дур афканданд худро аз ғурур
Оҷизи сармояи қурбатгадоёни шумо.
Бар лаби ҷӯ пой дар гил монд сарв аз инфиол,
Дар чаман то дид як раҳ тарзи ҷавлони шумо.
Бод, ё Раб, то абад бо ин назокатпарварӣ
Нахли рангинҷилваву ҳусни гулистони шумо.
Сӯхт аз ҳайрат саросар ҳамчу ҷисми Ҷавҳарӣ,
Ҳар кӣ шуд ошуфтаи зулфи парешони шумо.