Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Зуфархон Ҷавҳарӣ
Зуфархон Ҷавҳарӣ

Омад ба ёд

Дӣ назар кардам ба гул, рӯи туам омад ба ёд, Чун шамидам бӯи гул, бӯи туам омад ба ёд. Ғунчаро дидам табассумофарин дар саҳни боғ, Хандаи лаъли сухангӯи туам омад ба ёд. Дар лаби ҷӯ аз назокат сарви гулшан сар кашид, Қомати мавзуни дилҷӯи туам омад ба ёд. Печу тоби ҷаъди сунбул рафт аз хотир маро, Ҳалқаи зулфи суманбӯи туам омад ба ёд. Чун тамошои чаман кардам ба гулгашти баҳор, Хуррамиҳои сари кӯи туам омад ба ёд. Кард гул аз абр барқею шарарафшон гузашт, Шуълае аз тезии хӯи туам омад ба ёд. Нуқтае бигзашт аз ваҳшиғизолони Хутан, Шӯхии чашмони ҷодӯи туам омад ба ёд. Ҷилвагар шуд дар маҳи идам ҳилол аз осмон, Моҳи рӯю тоқи абрӯи туам омад ба ёд. Гашт дил девонаву афтод дар қайди ҷунун, То хами занҷири гесӯи туам омад ба ёд. Тӯтиеро маҳви нутқи хеш дидам, Ҷавҳарӣ, Килки дурбори сухангӯи туам омад ба ёд.