Дархури фитроки ҳиммат гӯри дунёро надид
Арсагирӣ гӯи ҳиммат гашт то Баҳроми мо.
Дар сухан соҳибнигине ғайри мо имрӯз нест,
Ҳар кӣ дар ин фан бувад, гӯ: «Бош аз худдоми мо!»
Муддаӣ гар пеши мо меояд аз роҳи ҷидол,
Мекашад охир зи ҳусни хулқи мо, илзоми мо.
Ҳастии мо фурсати як чашм во кардан надошт,
Буд бо эҷоди мо тавъам магар эъдоми мо.
Шамъи найранги ҷамолаш тофт аз нури зуҳур,
Гашт фонуси хаёлӣ пардаи аҳвоми мо.
Дар гудози тобаи чархем умре, Ҷавҳарӣ,
То ҳанӯз аз пухтагӣ дур аст фикри хоми мо.