Шавқи беороми мо
Эй висолат ҳосили коми дили нокоми мо,
Завқи дидори ту дорад шавқи беороми мо.
Азми тавфи каъбаи кӯи ту, эй маҳ, кардаем,
Аз катони субҳ бояд ҷомаи эҳроми мо.
Сози рафтанҳои мо имои чашмакҳои ӯст,
Болу парвози нафас омадшуди пайғоми мо.
Меҳри рӯяш аз саводи ҳалқаи зулфаш чу ёфт
Маҳв шуд осори куфру партави исломи мо.
Аз ҳазор ойина манзури назар тимсоли ӯст,
Ҷилваи ваҳдатдароғӯш аст базми оми мо.
Кай дар оби Хизр лаб тар мекунад чун офтоб,
Он ки шуд сармасти кайфият, равад дар ҷоми мо.
То нагардад воқифи асрори муштоқон касе,
Мерасад дар пардаи боли сабо пайғоми мо.
Шаб хаёли ҷилванайранге намуд ин ҷо гузар,
Гашт ҳайратхонаи ойина зери боми мо.
Аз пайи наззорааш як наргисистон шуд чаман,
То ба гулгашти баҳор омад бути гулфоми мо.
Дил зи лаълаш хост бӯсею накардемаш савол,
То нагардад табъи ҷонон тира аз иброми мо.
Баски хун гардид ашки мо зи дарди интизор,
Метаровад оби гулнор аз раги бодоми мо.
Сарфа як ойина болад, ҳарф ҷавҳар гул кунад,
Ҳар куҷо васфаш нигорад килки сеҳранҷоми мо.
Кай бувад, ё Раб, ки он ваҳшиғизоли мушкбӯ
Рӯ ба сӯи мо ниҳад, аз меҳр гардад роми мо?
Мо ҷунунбозони ишқем, эй салоҳандеши кор,
Метавон гуфтан ба тарки мову нангу номи мо.
Мозию мустақбали моро қиёс аз ҳол гир,
Аз ғамаш як ришта метобад саҳар то шоми мо.
Ҳалқаҳои дидаи мо ҳайратоғӯш асту бас,
Яъне ин ҷо ғайри маънӣ нест сайди доми мо.