Ойинапардозам
Баҳори ҳайратам, дигар мапурс анҷому оғозам,
Ба ёди ҷилвааш сар то қадам ойинапардозам.
Нафас дар сурма хобид аз нигоҳаш, лек ҳайронам,
Ки чун дар гӯши фитрат равғани гул рехт овозам.
Ба ҷавлонгоҳи нозаш хуфтаам чун нақши по умре,
Ки то бар ман саманде ронаду созад сарафрозам.
Тапишоҳанги эҷодам, маҷӯ вазъи қарор аз ман,
Сипанди маҷмари шавқам, ҷунуни бехудӣ созам.
Чаман гул кард ҳуснаш, ранги ман то заъфаронӣ шуд,
Ниёзам диду нозаш шуд ду боло, ишқро нозам.
Намедонам чӣ найранг аст осори муҳаббатро?
Ки чун гул ёр механдад, чу ман бо гиря месозам.
Ниҳон мехостам дарди дил, аммо чун тавон кардан?
Ки оҳи шуълабору ашки гулгун гашт ғаммозам.
Чунин к-озурда аз таънам кунӣ, зоҳид, наметарсӣ,
Ки аз оҳе шарар дар козаи имонат андозам.
Чу шамъи кушта доғам кард дар ин маҳфили ибрат,
Нафас дуздидани ҳамнолаҳои пардаи розам.
Нишоне бар ман аз сарманзили анқо нашуд пайдо,
Фиғон аз дарди яъсу норасоиҳои парвозам.
Ҳанӯз аз олами худ барнамеоям, чӣ сайр аст ин?
Бувад ҳарчанд аз нуҳ арса бурунтар таку тозам.
Агар чанде фақирам, Ҷавҳарӣ, аммо биҳамдуллаҳ,
Ки маънӣ дорад аз абнои ҷинси хеш мумтозам.