Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Зуфархон Ҷавҳарӣ
Зуфархон Ҷавҳарӣ

Пиндорӣ

Дар ин маҳфил, ки созаш пардаи ҳуш аст, пиндорӣ, Сару барги навояш пунбаи гӯш аст, пиндорӣ. Назарҳо боз, аммо ку нигоҳи ибрате ин ҷо? Ҷаҳон як чашми маҳви хоби харгӯш аст, пиндорӣ. Тилисми ваҳм, яъне ин тамошохонаи ҳастӣ Ба ранги чодари найранг манқуш аст, пиндорӣ. Мадеҳ домони ҳол аз каф, ки ёди фурсати мозӣ Хаёли сурати хоби фаромӯш аст, пиндорӣ. Зи иброми тараддуд ҳирсаш ороме намебахшад, Дар ин сӯрохи дунё хоҷаро мӯш аст, пиндорӣ. Хаёли зар чунон саргарми савдо карда мумсикро, К-аз ин оташ димоғаш деги дар ҷӯш аст, пиндорӣ. Бувад дил дар паноҳи дарду ғам аз офат эминтар, Ки, ин ойина аз кулфат намадпӯш аст, пиндорӣ. Бувад ҷамъияти дил орифонро дар парешонӣ, Ки баҳр аз мавҷҳо гавҳар дар оғӯш аст, пиндорӣ. Ба ҳусни аҳду сидқи холи он соҳибвафо нозам, Ки ҳар неши ҷафояш хуштар аз нӯш аст, пиндорӣ. Дами ҳарфи касе к-аз ишқ нурафшон намебошад, Чароғашро забони шуъла хомӯш аст, пиндорӣ. Чӣ оташ Ҷавҳарӣ дар сина дорад ин, ки оҳашро Либосе аз шарар чун барқ бар дӯш аст, пиндорӣ.