Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Зуфархон Ҷавҳарӣ
Зуфархон Ҷавҳарӣ

Шаб, ки лабташна ба майхона шудам, соқии дайр

Дод аз лутф паёпай қадаҳу ҷоме чанд. Номаҳо сӯи ту аз хуни ҷигар бинвиштам, Лек нанвохтиям ҳеҷ ба пайғоме чанд. Чи қадар дур зи шарманд рақибони дарат, Хонапардоз аз ин соҳиби иброме чанд. Бар сари кӯи ту ҳастанд асирон, чи шавад Назаре гар фиканӣ ҷониби нокоме чанд? Сабзу хуррам нашавад боғи ту бо фасли баҳор Абри чашми ту наёрад саҳару шоме чанд. Неку бад рафт аз ин махфилу дар ҳар сифате Монд бар сафҳаи офоқ ҳамин номе чанд. Бе муҳаббат нашавад кори касе ҳеҷ тамом, Гардам аз ишқ, ки шуд пухтагари хоме чанд. Ҷавҳарӣ, ҷом ба каф гиру риёкор мабош, Накашӣ сабҳа чу он донаю он доме чанд.