Дилороме чанд
Дӯш ақлу хирадам бурд дилороме чанд,
Зад раҳи дину дилам фитнаи айёме чанд.
Ҳамчу шохи гули тар ҷилвакунон, рақскунон,
Гоҳ хам гаштаву гаҳ рост гуландоме чанд.
Ман аз он базми тараб маҳв чу ойина зи шавқ,
Ҳайратам бурда зи худ дуртарак гоме чанд.
Зада чашмак ба ҳам аз сӯзи димоғам, гуфтанд:
Инак аз нахлаи мо гир ту бодоме чанд.
Хонабардӯш намуданд маро чун Маҷнун,
Шӯхи бунёдбарандози дару боме чанд.