Ҷунуни шавқ
Ба миръоте ки тимсоли ту дорад ҷилвагоҳ он ҷо,
Бувад беҳ аз ҳазорон матлаъи хуршеду моҳ он ҷо.
Зи ушшоқи ту ҳар ҷо кард гул нақши кафи пое,
Фалакро шуд матофу меҳру маҳро бӯсагоҳ он ҷо.
Ба ёдат қатрае, к-аз чашми муштоқон ба хок афтад,
Гули меҳру вафо сар мезанад ҷои гиёҳ он ҷо.
Дили саргаштаи ман баст эҳроми сари кӯят,
Магар ӯро намояд ҷазбаи шавқи ту роҳ он ҷо.
Ба хилватхонаи дидорат аз ҷон равзане дорам,
К-аз он пайваста месозам ба чашми дил нигоҳ он ҷо.
Дар он маъраз, ки ҳусн аз имтиҳон барқофарин гардад,
Набошад гар ниқоби ҷилва зулфи ёр, оҳ он ҷо.
Тапидан дар шаҳодатномаи нозаш адаб набвад,
Магар моро ҷунуни шавқ гардад узрхоҳ он ҷо.
Паи таҳқиқи дарси бехудӣ рафтам ба майхона,
Зи хатти мавҷи саҳбо гашт рафъи иштибоҳ он ҷо.
Дар он водӣ, ки аз худ дил раҳоӣ мекунад ҳосил,
Маҳи Канъони мо хоҳад бурун омад зи чоҳ он ҷо.
Ҳазар, эй дил, зи оҳи оташандӯзи саҳаргоҳӣ,
Ки гар тозад, занад бар қалби сад олам сипоҳ он ҷо.
Ғами савдои фардо маҳв кун, эй Ҷавҳарӣ, аз дил,
Ки набвад мустаҳиққи фазл ҷуз аҳли гуноҳ он ҷо.