Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Зуфархон Ҷавҳарӣ
Зуфархон Ҷавҳарӣ

Зи авҷи ноз

Ба меъроҷи фано к-аз пояи факр аст роҳ он ҷо, Сар аз тарки ҳавои сарварӣ дорад кулоҳ он ҷо. Ману кунҷи хароботи муғон аз олами имкон, Ки дунё пеши мастонаш наярзад барги коҳ он ҷо Бинозам улфати соғаркашони базми ваҳдатро, Ки худро бар гадо фазле набинад подшоҳ он ҷо. Таҷаллӣ нест хоси Тӯр ҳар ҷо шавқ пайдо шуд, Чароғи нахли Айман гул кунад аз ҳар гиёҳ он ҷо. Зи авҷи ноз хуршеди ҷамолаш ҳар куҷо тобад, Даруни ошён сӯзад пару боли нигоҳ он ҷо. Шаҳи фикрам, ки ҳар ҷо мезанам тахти замингирӣ, Зи бахти тира бар сар мекашам чатри сиёҳ он ҷо. Дуӣ чун куфри мутлақ дар тариқат буд соликро, Паси девори мастӣ бурдам аз ҳастӣ паноҳ он ҷо. Пайи татҳири мо он ҷо ки тӯфон мекунад раҳмат, Ба арзи бегуноҳӣ пеш рафтан шуд гуноҳ он ҷо. Зи бас тасхири кӯҳи дарду ҳомуни ҷунун кардам, Фазо то қулла дорам пойтахту такягоҳ он ҷо. Ба Қофи нестӣ ҷо гир, то олинишон гардӣ, Ки анқо аз ҳамулиҳост шуҳратдастгоҳ он ҷо. Ба тӯфони фано деҳ қатра, то ҷузви ту кул гардад, Ҳубоби ваҳм бишкан, баҳр шав, бе иштибоҳ он ҷо. Гирифтӣ, Ҷавҳарӣ, роҳи талаб, лекин мабош эмин, Ки аз ьар мӯй дому зери ҳар гомест чоҳ он ҷо.