Оҳанги ман ин аст
Бисмилтапиши шавқаму оҳанги ман ин аст,
Тори нафасу қомати хам – чанги ман ин аст.
Гаҳ лолаю гаҳ доғи дилам, гаҳ пари товус,
Яъне ки ба савдои ту найранги ман ин аст.
Ман дурию наздикии манзил нашиносам,
Аз худ шудаам, ҷодаву фарсанги ман ин аст.
Ҳайрат бувад ойина сару баргу баҳораш,
Ман маҳви тамошои туам, ранги ман ин аст.
Субҳе агар аз ҷайби ҷунунам накунад гул,
Дар ишқи ту номуси ману нанги ман ин аст.
Софии дил аз ҷӯши тааллуқ ба қадар зад,
Гуфто ки ман ойинааму занги ман ин аст.
Ку Қайсниҳоде ба биёбони муҳаббат,
То гӯямаш, эй Ҷавҳарӣ, ҳамсанги ман ин аст.