Ойина чид ин ҷо
Магар акси ҷамоли ҷилванайранги ту дид ин ҷо?
Ки ҳайрат гул ба девору ба дар ойина чид ин ҷо.
Тапид, эй гул, дилам дар сина аз дарди ту чандоне,
Ки охир қатраи хун гашту аз чашмам чакид ин ҷо.
Фусуни бенавоӣ бурд аз бас сурма дар корам,
Шикасти шишаам аз бенавоӣ сар кашид ин ҷо.
Табассумофарин шуд ғунчасон то лаъли хомӯшат,
Шафақ дар хун тапиду субҳ пероҳан дарид ин ҷо.
Ниҳоли қоматат то интисоборои гулшан шуд,
Зи хиҷлат бар лаби ҷӯ сарв рахти худ кашид ин ҷо.
Ба ранги қадди мо, эй қиблаи ушшоқ, рухсорат
Маҳи нав бар фалак аз фикри абруят хамид ин ҷо.
Таҷаллӣ кард то ҳусни ҷамоли оламороят,
Ба ранги зарра шуд хуршеди имкон нопадид ин ҷо.
Зи гулзори қабулат Ҷавҳариро ворасон бӯе,
Ки шуд чашми умедаш чун гули наргис сафед ин ҷо,