Навбаҳорам мерасад
Аннавид, эй дил, ки бӯи васли ёрам мерасад,
Булбули зорам, насими навбаҳорам мерасад.
Он ки оғӯшам ба ёдаш осмонхамёза буд,
Ҷом чун хуршед бар каф дар канорам мерасад.
Офтобе мекунад аз авҷи иқболам тулӯъ,
Вақти рафъи тирагии рӯзгорам мерасад.
Сархушӣ гул мекунад садранг аз симои ман
Тардимоғиҳо ба сар вақти хуморам мерасад.
Он ки ҷонам ношикебо буд аз дидори ӯ,
Ин дам он ороми ҷони беқарорам мерасад.
Он ки бар шаҳди висолаш дил басе ноком буд,
Ин дам он коми дили умедворам мерасад.
Мешавад ширин мазоқи ҷони заҳрошоми ман,
Тӯтии хушлаҳчаи шаккарнисорам мерасад.
Медамад аз нақши пояш гулшани айшу тараб,
Сарви мавзунҷилваи гулгунузорам мерасад.
Ҷои он дорад, ки бар фирдавс нозад хоки ман,
К-он баҳори рангубӯҳо бар мазорам мерасад.
Шарт шуд дар нарди васлаш чун ниҳодан нақди ҷон,
Фурсати гул кардани нақши қиморам мерасад.
Ҷавҳарӣ, меоям аз гулгашти кӯи ӯ зи бас,
Сад Хутан накҳат ҷилавдори ғуборам мерасад.