Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Зуфархон Ҷавҳарӣ
Зуфархон Ҷавҳарӣ

Чарх наййир, абр найсон, кон зару дарё гуҳар

Кардааст омода яксар баҳри инсон санг кӯҳ. Раҳраверо бе машаққат кай расад сози тариқ? Як қалам чида-ст бар роҳи ғизолон санг кӯҳ. Об мегаштӣ зи дарди нолаи Фарҳоди ман, Гар намебудӣ туро дил хораву ҷон санг кӯҳ. Чанд бо ҷамъияти аҷзои худ нозида гир, Мекунандат чун ҳабо рӯзе парешон санг кӯҳ. Ин тилисми қудрат аст, осон гузар натвон намуд, Як сар осор аст, эй бинанда, як сон санг кӯҳ. «Карда дар доман зи бадмастӣ муҳайё санг кӯҳ То занад бар шишаву паймонаи мо санг кӯҳ» – навишта шуд. Ҳамчу модар оламеро филмасал мепарварад, Чашмаҳо дорад равон чун шири пистон санг кӯҳ. Дорад аз ҳар нармию сахтӣ, ки меояд ба кор, Гул ба як ҷо хирману як сӯ фаровон санг кӯҳ. Ҷинси навъеро ки мехоҳад муҳайё кардааст, Яъне дорад он қадар ашё, ки чандон санг кӯҳ. Мекунад зоҳир ба ранге, гоҳ теғу гаҳ камар, Гаҳ амуду гоҳ хӯду гоҳ қалқон санг кӯҳ. Бо салобатдастгоҳон зинати дигар чӣ кор? Карда ин ҷо тукмаи гӯи гиребон санг кӯҳ. Дасти нуқсе кай расад бар домани ҷамъиятат, Гар парокандат ба сад дашту биёбон санг кӯҳ. Зоҳиди бемағзи сар дарди сари риндон бувад, Кардааст ин дардро омода дармон санг кӯҳ. Дар қаноат аз барои ибрати аҳли назар Бар шикам баста-ст чу соҳибкамолон санг кӯҳ. Осмон аз барфи нав бурди ямонипӯш кард, Аҷри он сабре, ки чанде дошт урён санг кӯҳ. Вақти шиддат аз каримон ҳам кунад имсок гул, Дидаи косон диҳад гоҳи зимистон санг кӯҳ. Аз хиҷолат об гарду сар макаш, эй сахтрӯй, К-аз ту оварданд сӯи дурри дандон санг кӯҳ. Имтисоли амри Ҳашматро ба машқи ин ғазал Ҷавҳарӣ овард, пиндорӣ, ба майдон санг кӯҳ.