Гар шабе ҷонон кунад дар кӯҳ маъво, мекунад
Сар ба сар чун водии Айман чароғон санг кӯҳ.
То шавад чанде паноҳи хонабардӯшони ишқ,
Ҳар тараф бинҳода баҳри тоқу айвон санг кӯҳ.
Файзи суҳбат бин, ки охир лаъл шуд, чун муддате
Дар муқобил дошт бо хуршеди тобон санг кӯҳ.
Қадри ҷинси худ ҳамехоҳад фузун синфе, ки ҳаст,
Мекунад ҳампаллаи гавҳар ба мизон санг кӯҳ.