Мусаффо санг кӯҳ
Кард густохона то ҳамҷашми Мӯсо санг кӯҳ,
Дид ахкар гашта аз барқе саропо санг кӯҳ.
Нашъа меболад саросар аз ҳавои кӯҳсар,
То муҳайё кардааст аз баҳри мино санг кӯҳ.
Мерасад баҳри тамошо нозанинсимои ман,
Сарбасар мебоядат кардан муҷалло санг кӯҳ.
Пеши нозукдил ба ҳарфи номулоим дармаё,
К-озмудан кай тавонад шишаро бо санг кӯҳ?
Муддао аз олами имкон ба ҷуз инсон набуд,
Баҳр агар дарё кашиду кард пайдо санг кӯҳ.
Аз бузургон ғарра натвон шуд ба рифъат ёфтан,
З-он ки аз фарқ афканад то қаъри дарё санг кӯҳ.