Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Зуфархон Ҷавҳарӣ
Зуфархон Ҷавҳарӣ

Ҳакими замонаӣ

Эй он ки сархуши майу ҷому таронаӣ, Масрури бонги чангу асири чағонаӣ. Чун наварӯс ҷилвагаҳат ҳуҷлаи ғурур, Сарпанҷаат ба гесуи омол шонае. То кай чунин ба ҳастии мавҳум эътимод? Чанд аз пайи давоии нафсат равонаӣ? Бардор сар зи ғафлату огаҳ зи хеш бош, К-ин ҷо ҳазор тири балоро нишонаӣ. Теғи қазо зи гардиши чарх аст дар фасон, Эй бехабар, ту масти фусуну фасонаӣ. Найранги даҳр машъалаи аблаҳон бувад, З-ин доҳа бугзарӣ, ту ҳакими замонаӣ. Корат бувад бузургу зи дунҳимматӣ, вале Чун мурғакон ту дар талаби обу донаӣ. Ҳамсанги худ ҷавоҳири ин чорсӯ мадон, Донӣ, ки дурри мунтахаби нуҳ хазонаӣ. Даврон, сазад, ба номи ту хатми сухан кунад, Эй Ҷавҳарӣ, аз он ки дар ин фан ягонаӣ.