Матлаъи девони ноз
Ҳаббазо, товуси найранги баҳористони ноз,
Сарви гулзори малоҳат, навгули бӯстони ноз.
Гулшани ҳусни назокат, рангу бӯи муддао,
Шамси гардуни таҷаммул, шамсаи айвони ноз.
Аз ҳазорон дафтари ҳусн интихоб овардаам,
Байти абрӯе, ки омад матлаъи девони ноз.
Чун кунам арзи ниёзи дил ба пеши он ки ҳаст
Саф кашида гирди чашми ҳусни ӯ мижгони ноз.
Шавқи ман афзун, ниёзи ман ду боло мешавад,
Ҳар қадар то мекунад бар ман бувад имкони ноз.
Баст хуш ранги ҳино аз ҷӯши хуни Ҷавҳарӣ,
Бар кафи пои худ он зеби нигористони ноз.