Саҳар
Саҳар намуд гул ин маъниям зи бонги хурӯс,
Ки дида боз кун, эй доми хобро маҳбус!
Муқими анҷумани инкисор шав ҳама тан,
Навоз риштаи конуни хотири маъюс.
Нафас гудозу дил ойина созу ҷон дарбоз,
Фикан ба хоки дари кӯи дӯст тарҳи ҷулус.
Зи вазъи мурдадилон аст тира хотири даҳр,
Ки шамъи кушта ниҳад доғ дар дили фонус.