Холи ҳинду
Гар сабо дасте бар он ҷамъияти гесу занад,
Филмасал қалби ҷаҳоне барҳам аз як мӯ занад.
Шӯхи ман ҳар гаҳ саманди нозро ҷавлон диҳад,
Дуди оҳи бедилон бар Каҳкаҳшон паҳлӯ занад.
Гоҳ ханҷар, гаҳ хаданги ғамза турки чашми ӯ,
Бар дилу бар ҷонам аз мижгону аз абрӯ занад.
Дил зи шавқи ҳадду ҷон аз ёди сарви қадди ӯ,
Булбулосо чаҳ-чаҳу қумрисифат ку-ку занад.
Эй баҳори рангу бӯ, дар пеши зулфу оразат
Сунбулу гул чист худ, то дам зи рангу бӯ занад.
Сеҳр агар ин аст чашми ҳалқаи доми туро,
Чун дилам дар кори зулфат хешро оҳу занад.
Сад фусуни Сомирӣ ботил кунад аз як нигоҳ,
Наргиси фаттонат он дам к-аз пайи ҷоду занад.
Ҳар киро чун ман назар ба холи ҳиндуят фитод,
Гар ҳама Шиблист, худ дар хизмати ҳинду занад.
Гӯӣ он золим пушаймон шуд зи қатли Ҷавҳарӣ,
К-аз таассуф ҳар дам акнун даст бар зону занад.